Адабиёти тоҷик
-
Халқӣ
ҲАЗОРУ ЯК ШАБ
Китоби афсонаҳои «Ҳазору як шаб» ганҷинаи қимматбаҳоест дар адабиёти шарқ, ки онро ба тамоми забонҳои пешқадами дунё тарҷума ва борҳо чоп кардаан. Ин китоб, ки аслан аз хазинаи адабиёти даҳанакии халқҳои Шарқ (Ҳиндустон, Эрон, Араб) омада баромадааст, он ҳама назокат, латофат, ҳикмат ва таровати фолклори шарқро дорад. Китоби мазкур аз 6 ҷилд иборат буда, ин қисми дувуми он мебошад.
-
Ҳофиз Шерозӣ
Куллиёт
Шоири ғазалсарои форсу тоҷик Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ аз ҷумлаи адибон ва мутафаккирони барҷаставу оламшумуласт, ки осори гаронбаҳояш кайҳо боз зиннатфазои ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ гардидааст.
-
Саъдии Шерозӣ
Гулистон
“Гулистон” машҳуртарин китоб дар таърихи адабиёти форсу тоҷик буда беш аз 700 сол аст, ки наслҳои тоҷикзабонону ғайр ин китобро меомӯзанду аз он таълим мегиранд. Европа , пеш аз ҳама ба туфайли ҳамин китоб бо урфу одат, забон, адабиёт ва тамаддуни халқҳои форсизабон шинос шуданд. Бисёр фикрҳои тарбиявию ахлоқие, ки дар ин асар баён шудааст, имрӯз ҳам барои сокинони сайёраи мо хидмат карда истодааст.
-
Мирзо Турсунзода
Ҷони ширин
Шоири муборизи роҳи сулҳ дар ин асарҳо ҳаёти пурҷӯшу хурӯши кишвар, орзуву омоли халқи советиро тараннум кардааст. Асарҳои шоир бо забони фасеҳ ва образноки ба ӯ хос навишта шудааст.
-
Лоиқ Шералӣ
Куллиёт
Дар ин китоб эҷодиёти устоди зиндаёд лоиқ Шералӣ дар таҳрири ниҳоии муаллиф оварда шуда, ба онҳо миқдори зиёди шеърҳои чопнашудаи шоир аз бойгониаш илова гардидааст.