Мирзораҳимов А. К.
-
Медведев С.С. , Мирзораҳимов А. К. , Ниматова Н. , Ф. А. Абдулхолиқова
Физиологияи растаниҳо қисми 1
Китоби мазкур дар доираи ҳамкориҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо кафедраи физиология ва биохимияи растаниҳои Донишгоҳи Давлатии шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Русия бо тағйироту иловаҳо вобаста ба талаботи илми муосири физиологияи растаниҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ омода карда шудааст.
-
Мирзораҳимов А. К. , Муборакшоева Г. , С. Ф. Қараев
КУРСИ МУХТАСАРИ ЛЕКСИЯ АЗ ФАННИ ВИРУСОЛОГИЯ
Вирусология-яке аз илмҳои ҷавонтарини соҳаи биология ва тиб маҳсуб ёфта, ба омўзиши шаклҳои мазмунан сода (ғайриҳуҷайравӣ)–и мавҷудияти ҳаёт дар рўи замин машғул мебошад. Тадриси фанни вирусология барои донишҷўёне, ки соҳаҳои биология, тиб ва кишоварзиро пеша кардаанд, ногузир буда, тасаввуроти онҳоро дар мавриди ҷой доштани шаклҳои гуногуни мавҷудияти ҳаёт пурра мегардонад ва дар як вақт аз онҳо омодагии ҳамаҷонибаи илмиву методиро талаб менамояд. Зимни аз худ намудани фанни вирусология донишҷўён маълумотҳоро дар бораи қонуниятҳо ва шароитҳои пайдоиш, сохт, инкишофёбӣ ва роҳҳои паҳншавии вирусро дар табиат ба даст меоранд. Ҳамчунин, онҳо дар баробари тадриси фанни мазкур донишҳои худро доир ба шаклҳои мавҷудияти вирусҳо (дар шакли мавҷудоти зинда ва дар шакли мавҷудоти ғайризинда), роҳҳо ва механизмҳои сироят ёфтани организмҳои растаниҳо, ҳайвонот. Одам ва ҳуҷайраи микроорганизмҳо васеъ мегардонанд.